ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, борон меборад. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.