ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Мири пешини Маскав Юрий Лужков дар синни 84-солагӣ вафот кард, хабар медиҳад Интерфакс, бо такя ба доираҳои наздики Лужков.
"Юрий Михайлович дар синни 84-солагӣ даргузашт. Ӯ дар Урупо қарор дорад. Ҷузиёти дигар маълум нест", - хабар дод мабаъ.
Cабаби даргузашти собиқ мири Маскав то ҳол маълум нест.
Ушел из жизни Юрий Михайлович Лужков. Мне искренне жаль, что не стало этого энергичного жизнерадостного человека, который возглавлял Москву в сложный постсоветский период, много сделал для города и москвичей. Соболезную родным и близким.
— Сергей Собянин (@MosSobyanin) 10 декабря 2019 г.
Юрий Лужков 21 сентябри соли 1936 дар хонаводаи коргар дар Маскав ба дунё омадааст.
Хонаводаи сиёсатмадор аз вилояти Твер будааст.
Фаъолияти худро дар шаҳрдорӣ Лужков аз 12 июни соли 1991 оғоз кардааст, вақте ба ҳайси муовини мири шаҳр интихоб шуд.
Лужков бештар бо фаъолияти раҳбарияш машҳур аст. Ӯ дар курсии мири шаҳри Маскав 18 сол нишаста буд.
Лужков аз соли 1992 то 28 сентябри соли 2010 мири шаҳри Маскав буд.