Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод дар Суғд

© © SputnikПразднование день борьбы против коорупции
Празднование день борьбы против коорупции  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод, кормандони Раёсати мубориза бо коррупсия дар Суғд, дар як ҳамоиш аз хатари коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар бораи шикасти иқтисодиёт ва заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ таъкид намуданд

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Дар ин ҳамоиш, ки бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия доир гардид, масъулони Раёсати агентӣ дар Суғд аз таъсири он дар садди инкишофи иқтисодиёт ва фалаҷшавии сохти давлатдорӣ зикр намуданд.

Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Абдуҷалол Қодирзода, сарнозири муқовимат бо коррупсия дар Раёсати мубориза бо коррупсия дар Суғд гуфт, дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст.

Ӯ аз ҷумла гуфт, зуҳури коррупсия ё фасод дар ҳар шакле боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад ва муборизаю муқовимат алайҳи ин зуҳуроти зиддиарзишӣ вазифаи на танҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандӣ ҳар нафар маҳсуб меёбад.

Аскарзода Илҳом, сардори шӯъбаи мубориза бо коррупсия дар Раёсати Суғд гуфт, ки ҳарчанд гирифтани пеши роҳи фасод як кори мушкил дониста мешавад, вале таъсиси ниҳоди муборизабаранда ба фасод дар Тоҷикистон корҳои босамареро ба иҷро расонидааст.

"Агар соли 2007, замони таъсисёбии Раёсати мубориза бо коррупсия кишвари Тоҷикистон дар арзёбии ташкилотҳои байналмиллалӣ аз лиҳози мушкили ҷойдошти фасод 160 -ум ҷой дар миёни 170 давлати дунё қарор дошт, соли 2015 пас аз ҳашт ба 134 -ум фаромадааст. Ин нишондоди хуб аст ва нақши ин ниҳоди муборизабарандаро намоён мегардонад", - афзуд Аскарзода.

Тоҷикистон узви Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсия мебошад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
"Моҳҳо фикр мекунам": Раҳмон гуфт, роҳи халосии мардум аз азияти порахӯрҳоро меҷӯяд

Ғӯтавар дар ғам: Зуҳуров гуфт, фасодкорон осуда зиндагӣ намекунанд

Ин Конвенсия дар таърихи 31 -уми октябри соли 2003 дар ҷаласаи 58-уми Ассамблеяи СММ қабул шуда ва шурӯъ аз моҳи декабри соли 2005 мавриди амал қарор дода шудааст.

Бар асоси ин Санади муҳими байналмиллалӣ 9- декабр ҳамасола, Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

"Моҳҳо фикр мекунам": Раҳмон гуфт, роҳи халосии мардум аз азияти порахӯрҳоро меҷӯяд

Аз ҷумла дар Тоҷикистон дар рӯз аз сӯи мақомот ва иддае аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ роҷеъ ба мавзӯъи коррупсия ва пешгирии он, миёни кормандони соҳаи буҷҷавӣ суҳбату вохуриҳо доир карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0