Русия дар Арктика гунбази падофанди ҳавоӣ месозад

Обуна шудан
Русия тасмим гирифтааст, дар Арктика гунбази зидди ҳавопаймое созад, то дар оянда тавонад аз хатарҳои беруна худро эмин нигоҳ дорад

Русия дар Арктика гунбази зидди ҳавопаймояшро ҷойгир хоҳад кард. Дар ин бора фармондеҳи Флоти шимолӣ, Александр Моисеев хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар рӯзҳои наздик ҳама бахшҳои Арктика бо системаҳои зиддимушакии С-400 муҷаҳаз мешаванд. Тафсилот дар видеои мо.

 Русия дар болои Арктика гунбази зидди ҳавопайморо ҷойгир хоҳад кард. Дар солҳои оянда ҳамаи бахшҳои арктикии Флоти Шимолӣ бо С-400 муҷаҳаз мегарданд. Аввалин низомҳои падофанди ҳавоӣ сентябри соли равон шурӯъ шуданд.

"Муҷаҳҳазгардонии қувваҳои зиддимушакӣ ва радио-техникӣ дар шакли муоссир гузаронида мешаванд. Имсол системаҳои С-400 бо полки зиддимушакӣ дар Замини Нав ҷойгиршуда ба кор даромаданд ва аллакай фаъоланд", - ноиби адмирал, Фармондеҳи Флоти Шимолӣ, Александр Моисеев.  

Таҷҳизоти техникӣ посух ба таҳдиди афзояндаи НАТО мебошад. Дар солҳои охир, ин иттиҳодия якбора кӯшиши зиёд ба харҷ дод, то Маскавро дар Арктика нигоҳ дорад. Бо мурури замон НАТО дар марзҳои шимолии Русия тамринҳо мегузаронад. Ин таҳрикҳо танҳо вазъро дар минтақа шиддат медиҳанд.  Ба гуфтаи низомиён, хатари муқовимат танҳо афзоиш хоҳад ёфт.

"Дар ояндаи наздик мо бояд афзоиши минбаъдаи ҳузури низомии қувваҳои мусаллаҳи муттаҳидшуда (НАТО ва иттифоқчиёни ғайриаъзои он) ва дар натиҷа афзоиш ёфтани нерӯи низоъро интизор шавем", - Александр Моисеев, Фармондеҳи Флоти Шимолӣ.

Ҷойгиркунии системаҳои С-400 қаламрави Русияро аз Арктика ҳифз мекунад, чӣ аз ҳамлаҳои ҳавопаймоӣ,чӣ аз киштиҳои ҳавоӣ ва ё мушакҳои баллистикӣ. 

Лентаи хабарҳо
0