“Кишвари мавриди таваҷҷӯҳ”: намоиши махсуси филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

© © Пресс-служба Посольства Таджикистана в РоссииПоказ таджикских фильмов в Третьяковской галерее
Показ таджикских фильмов в Третьяковской галерее - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чаҳорчӯби 15 – умин Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои кӯтоҳ ва мустақили Бангладеш барномаи вижае барои осори коргардонони тоҷик ихтисос ёфтааст

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik.  Дилошӯб Орифзода, яке аз коргардонони филми мустанади “Шӯроб”, ки дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта шудааст, дар барномаи “Кишвари мавриди таваҷҷӯҳ: Тоҷикистон”, 12 филми синамогарони тоҷик рӯйхат шудаанд.

Валерий Ахадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Валерий Аҳадов: ҳар сонсургарӣ метавонад ба филм халал расонад

“Ба ҷуз филми мустанади ману Далери Эмомалӣ – “Шӯроб”, як мустанади дигари Далер – “Умарако”, филмҳои достонии кӯтоҳи “Чарха” ва “Марги маҳсус” – и Беҳрӯз Давлатбеков, “Такси” – и Файзуллоҳ Файз, “Бархӯрд” – и Фирдавси Нину, “Меҳрубонӣ” – и Муҳаммадрабӣ Исмоилов, “Дӯғоб” – и Зайнулобиддини Мӯсо, “Паноҳгоҳ” – и Диловар Султонӣ, “Дид аз чашми паранда” ва “Боздоштшудагон” – и коргардони тоҷики муқими Амрико Хушнуда Шукурова, ки солҳои 2018 – 2019 эҷод шудаанд, дар ин барнома ба намоиш гузошта мешаванд” – таъкид кардааст вай.

 Илова бар барномаи махсус, филми мустанади “Умарако” дар барномаи аслии мусобиқаи мустанадҳои ҷашнвораи филм дар қатори ҳашт филм аз Миёнмар-Бангладеш, Ҳинд, Ҷопон, Туркия ва Тоҷикистон қарор гирифтааст.

15 – умин Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои кӯтоҳ ва мустақили Бангладеш (15th Short and Independent International Film Festival of Bangladesh), ки дар шаҳри Дакка, пойтахти он кишвар 7 – уми декабр шурӯъ шуд, то 13 декабр идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0