ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ахиран дар Шуъбаи Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақаи Рашт маросими таҳвили воситаҳои техникӣ барои воҳиди наҷоти шуъба баргузор гардид.
Тавре манбаъ қайд намудааст, кумаки пешниҳодшуда бо мақсади татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Агентии Оқохон оид ба Зистгоҳ сурат гирифтааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки наҷотдиҳандагони минтақаи Рашт соҳиби воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, аз ҷумла борхалтаҳо бо ҳама воситаҳои муҳим, тоскулоҳи наҷот, айнакҳо, доруқуттӣ, дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда, сихҳои наҷот, занбарҳо, костюмҳои муҳофизатӣ ва завраҳои резинӣ шуданд.
Ин идомаи риштакумакҳои Агентии Оқохон оид ба макони зист ба Дастаҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ буд.
Сарвари Агентии Оқохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ, ки дар расми таҳвили таҷҳизот ҳузур дошт, гуфт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.
Барои Раёсати КҲФ дар ВМКБ он рӯз 23 борхалтаи махсус, ки дар дохили ҳар кадом то 10 номгӯ воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, аз қабили тоскулоҳҳои наҷот, айнакҳо, доруқуттӣ, фонусҳо, дастпӯшҳо, сихҳои наҷот ва ғайра ба Дастаи наҷотдиҳии Раёсат супурда шуда буд.