ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум санаи 9 - уми декабр доир мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, иҷлосияи мазкур дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт баргузор мегардад.
Интихобот дар Хоруғ: гурӯҳи вижаи кории Ҳукумат бо аҳли зиё ва ҷавонон мулоқот кард
Гуфта мешавад, дар кори он вакилони шаҳрӣ масъалаҳои вобаста ба муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо баррасӣ менамоянд.
Рустами Эмомалӣ бо қарори худ Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба маълумоти сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созанд.