ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik.Рӯзи 5 декабри 2019 дар Братислава дар ҳошияи иҷлоси 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Урупо мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Урупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан сурат гирифтааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳои муштаракро дар сиғаи мазкур мавриди муҳокима қарор додаанд.
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер вохӯрӣ намудааст.
Тибқи иттилои ВУХ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар ҳар се буъд, аз ҷумла ҳамкориҳо дар доираи Раванди Душанбе оид ба мубориза алайҳи терроризм, Конфронси Душанбе оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” дар соли 2020 ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор намудаанд.