ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Кормандони милитсия зани 22-солаи сокини сокини шаҳри Душанберо бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Тифли навзод бар ивази пул: боздошти зани 25-сола барои фурӯши тифли навзод
Гуфта мешавад, ки дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир карда шуд.
Дар Душанбе зани 30-сола ба иттиҳоми одамфурӯшӣ дастгир шуд
"Номбурда, ҳангоми дар шаҳри Ҳисор қарор доштанаш, тифли навзоди худ - духтаракро, ки санаи 5-уми сентябри соли 2019 дар таваллудхонаи шаҳри Ҳисор ба дунё оварда, ба зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.