Раҳимзода бо Лю Бин хариду фурӯши одамонро баррасӣ кард

© МВД РТРамазон Рахимзода встретился с представителями Китая
Рамазон Рахимзода встретился с представителями Китая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор доданд.

ДУШАНБЕ, 6 дек - Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафири Фавқулодаи Чин дар Тоҷикистон Лю Бин ва муовини раиси Агентии давлатии рушди ҳамкориҳои байналмилалии кишвари мазкур ҷаноби Дэн Ботсин дидору мулоқот кардааст.

Специалист международного дискуссионного клуба Валдай Александр Ломанов - Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси рус: ҳамкориҳои Чин бо Узбакистон набояд сабаби рашки дигарон бошанд

Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо мубодилаи иттилооти оперативӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намудаанд.

Ҳамчунин, доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа кардаанд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштаанд.

Лентаи хабарҳо
0