Санаи 7 декабр, соати 14:00 нахустнамоиши спектакли "Гамлет"-и Театри русӣ-драмавии ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Чун театри мазкур бино надорад, намоиш дар ошёнаи 3-юми театри Лоҳутӣ пешкаши тамошобин хоҳад шуд.
"Гамлет" фоҷеаи бемисли драматурги инглис Виллиам Шекспир буда, онро саррежиссёри театр Баҳодур Миралибеков рӯйи саҳна овардааст. Нақши "Гамлет"-ро ҳунарпешаи театр Хуршед Мустафоев иҷро мекунад. Ҳамчунин ӯ ба сифати ёвари режиссёр, ороишгари либос ва мусиқӣ дар ин намоиш саҳм гирифтааст.
"Хоби ҳамдуна"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Аъзои шӯрои бадеии назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, театршинос Муҳаммадулло Табарӣ, ки дар рӯзи қабули намоиш ширкат дошт “Гамлет”-ро яке аз корҳои барҷастаи режиссёр Баҳодур Миралибеков арзёбӣ мекунад:
"Дар 1 соату 40 дақиқа режиссёр тавониста, ки бо шеваи ҷадид, ба суоли асосии Шекспир – “Быть или не быть” посух ҷӯяд. Ҳоло нахустнамоиш нашудааст, вале бовар дорам, ки тамошобинро як спектакли диданӣ ва андешиданӣ интизор аст", - изҳор намудаст Муҳаммадулло Табарӣ.