Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2020

Обуна шудан
Дар тақвими Тоҷикистон дар соли оянда 116 рӯзи истироҳат ва 13 ҷашни давлатӣ дида мешавад. Дар соли 2020 мардуми Тоҷикиситон 116 рӯзи истироҳат ва 250 рӯзи корӣ доранд.

Дар соли 2020 мардуми Тоҷикистон 13 ҷашни давлатӣ таҷлил хоҳанд кард. Бояд қайд кард, ки иди ангур ва себ дар соли равон эълон шуда буданд. Дар маҷмӯъ рузои Ид дар тақвими тоҷикистон 21 рӯзро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ дар соли 2020 мардуми Тоҷикиситон 116 рӯзи истироҳат ва 250  рӯзи корӣ доранд.

Ҷашнҳои давлатӣ ва рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон дар соли 2020

1 январ – Соли нави милодӣ;

8 март – Рӯзи Модар;

21-26 март – Ҷашни байналмилалии Наврӯз;

1 май – Рӯзи якдилии меҳнаткашон;

24-28 май- Иди Рамазон – рӯзи дақиқи он аз сӯи шӯрои уламои Тоҷикистон эълон мешавад;

27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

1 август – Иди Қурбон - рӯзи дақиқи он аз сӯи шӯрои уламои Тоҷикистон

15 август – Иди ангур

9 сентябр – Рӯзи Истиқололияти давлатии Тоҷикистон;

19 сентябр  - Иди себ;

6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон;

Инчунин бояд дар бораи ҷашнҳои дигар низ фаромуш накард. Новобоста аз он ин ҷашнҳо давлатӣ нестанд, мардуми ҷумҳурӣ онҳоро ҳар сол ҷаншн мегиранд.

23 феврал- Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон;

18 апрел – Рӯзи Душанбе;

19 апрел – Рӯзи илм дар Тоҷикистон;

12 май – Рӯзи Шашмақом;

23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон;

13 ё 20 сентябр – Рӯзи Иди харбуза, тарбуз ва асал. Дар рӯзҳои 2 ё 3-юм ҳафтаи якшанбе таҷлил карда мешавад. Рӯзаш то ҳол муайянг нашудааст;

22 сентябр –Рӯзи Рӯдакӣ;

30 сентябр – Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ;

5 октябр – Рӯзи забон;

10 октябр – Рӯзи фалак;

16 октябр – Рӯзи кинои тоҷик

18 октябр – Иди Меҳргон;

7 ноябр – Рӯзи театри тоҷик;

10 ноябр – Рӯзи милитсия

24 ноябр – Рӯзи парчами миллӣ.

Агар ба тақвим назар андозем, танҳо да моҳи июл ҳеҷ ҷашну иде мушоҳида намешавад. Ин моҳро мардуми Тоҷикистон бидуни иду рӯзҳои истироҳат сипарӣ мекунанд. Серҷашнтарин моҳ, моҳи май ва сентябр будааст. Дар ин моҳҳо тақрибан 5 ҷашни таҷлил карда мешавад.  

Лентаи хабарҳо
0