Чанде қабл Вазорати умури дохилии Тоҷикстон аз боздошти як "табиби халқӣ" хабар дода буд, ки дар асоси шикояти як сокини пойтахт аз ҷониби кормандони пулис дастгир карда шуд.
Зимнан, Раёсати умури дохилии Тоҷикистон тафсилоти бештари боздошти ин муллои ҷодугарро нашр намудаст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда Ҷураева Наҷмияи 37 - сола, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд буда, дар Душанбе ба мардумфиребӣ бо роҳи табобат машғул будааст.
Тафтишот муайян намудаст, ки номбурда худро ба ҳар номе ба сокинони пойтахт муаррифӣ намуда, ба воситаи тилло бахткушо, баровардани сеҳру ҷоду ва инчунин як қатор бемориҳои дигарро низ гӯё табобат мекардаст.
ВУД аз боздошти се "рекет" - ҳаммаслакони Алии Бедакӣ ва муллои “занакбоз” хабар дод (НАВОР)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон меафзояд, Наҷмия дар содир намудани 9 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, бо ин роҳ ба шаҳрвандон 66 ҳазор доллари амрикоӣ ва 215 ҳазору 550 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Қайд мегардад, ки нисбати гумонбаршуда тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, номбурда дар ҳабси пешавкӣ қарор дорад.