Сипоси раиси вилояти Суғд аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирӣ

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкЗдание Европейского банка реконструкции и развития, архивное фото
Здание Европейского банка реконструкции и развития, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо масъулни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамоваро дидору гуфтугӯ кард.

Раджабой Ахмадзода посетил центральный рынок Панчанбе и рынки вокруг него - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Аҳмадзода барои арзон кардани нархи гӯшт ва бозгардонии симои пешини "Панҷшанбе"

Зимни мулоқот тарафҳо аз муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва ин созмони молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аҳмадзода зимни мулоқот зикр намудааст, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар амалисозии лоиҳаҳои гуногун нақши назаррас дошта, иброз дошт, ки бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонк дар вилояти Суғд барои беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон, партовкашонӣ ва коркарди он, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ лоиҳаҳои судманд амалӣ шуда истодааст.

“Бо дастгирии ташкилоти молиявӣ ҳамзамон дар шаҳри Хуҷанд зеристгоҳҳои барқӣ ба истифода дода шуда, навсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” идома дорад”, - таъкид доштааст Аҳмадзода.

Дар маҷмуъ, ҳаҷми умумии маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои амалишавии лоиҳаҳои барои хоҷагии халқ муҳим 200 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, тарафҳо зимни мулоқот инчунин​ дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, барои амалисозии лоиҳаҳо дар самти дастгирии соҳибкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0