ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Пайвандони ҷавонзани 33 - сола, ки муддати қариб се сол беному нишон аст, то ҳол чашм ба роҳи вай буда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо карданаш илтиҷои кумак мекунанд, хабар медиҳад сомонаи Оила.tj.
Бар хабари манбаъ, Истамой Аминҷонова сокини Панҷакент буда, дар яке аз макотиби ин шаҳр аз фанни забон ва адабиёти рус дарс мегуфт.
Гуфта мешавад, номбурда рӯзи 6 - уми июни соли 2017 аз хона ба кор рафта дигар барнагашт.
Маротибаи охир ӯро тахминан соатҳои 16-16:30 дар маҳаллаи Сӯзангарон диданд ва сипас ин ҷавонзан беному нишон ғайб зад, зикр мекунад манбаъ.
Ҳамакнун ду солу 7 моҳ мешавад, ки аз Истамой ному нишон нест ва кӯшиши наздиконаш низ барои пайдо кардани ӯ натиҷа надодааст.
Наврас, ҷавонзан ва марди миёнсол бедарак шудаанд: кумакхоҳии ВУД - видео
Зимнан, модари Истамой Муҳаррам Султонова аз кулли шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш ва илтиҷо мекунад, ки барои пайдо кардани фарзандаш ба ӯ кумак кунанд ва дар сурати дарёфти ягон маълумот дар бораи Истамой ба рақамҳои зерин тамос гиранд.
92 710 11 28 ва 907 63 18 87.