Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи парвандаи хоҳарон Хачатурянро ба анҷом расонд - навор

Обуна шудан
Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи парвандаи хоҳарон Хачатурянро ба анҷом расонд. Онҳо дар қатли падари худ гумонбар дониста мешаванд

Парвандаи хоҳарон Хачатурян боиси эътирози оммавии мардум гардида буд. Онҳо дар  қатли падари худ гумонбар дониста мешаванд. 

Ҳарчанд  прокуратура иқрор мешавад, ки хоҳарон барои ҳифозати худ даст ба ин амали нангин заданд, аммо бо вуҷуди ин онҳоро тибқи моддаи 105 қисми 2 банди "ж" гумонбар медонад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия то 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Феълан кумитаи тафтишотии Русия тафтиши парвандаи онҳоро ба анҷом расонд ва дар ояндаи наздик суд ҳукми худро хоҳад баровард.

Лентаи хабарҳо
0