Дар Исфара домоди хона хушдоманро кушту ҳамсарашро захмӣ кард

© Flickr \ Mr Korn FlakesKnife
Knife - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд марди 23-сол дар як муноқишаи оилавӣ хушдомани худро бо корди хоҷагӣ шаш маротиба зада кушта, сипас ҳамсари худро захмӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар Исфара марди 23 сола ба идораи милиса бо аризаи худиқроркунӣ ҳозир шудааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Шаҳритуз ҷавони 23 сола падари масташро корд зад

Тавре масъулини милиса хабар додаанд, марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара бо аризаи худиқроркунӣ ҳозир шудааст, ки рӯзи 4-уми декабри соли равон, дар хонаи истиқоматии хушдоманаш (зани 42-сола), аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагӣ 6-маротиба ба узвҳои баданаш зада куштааст.

Инчунин шахси номбурда ба ҳамсараш низ ҳамла намуда ӯро 4-маротиба бо корд зада захмӣ намудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар натиҷаи ин ҷанҷоли хунин хушдомани марди номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Кормандони милитсияи Тоҷикистон тафтишоти ҳодисаро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0