ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ва ҳамроҳонаш аз майдони Humo Arena ва боғи Наврӯзи Тошканд боздид карданд, хабар медиҳад Ҳокимияти шаҳри Тошканд.

Рустаму Эмомали в Ташкенте показали Humo Arena и музей Мадам Тюссо
Бино ба гузориши манбаъ, меҳмонони душанбегӣ ба шаҳомати майдони Humo Arena, ки технологияи наву меъмории миллиро дар худ ҷой додааст, таваҷҷӯҳи зиёд кардаанд.
Дар баробари ин ҳайати тоҷикон таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ аз боғи "Наврӯз" ва намоиши дастовардҳои ҳунармандони Тошканд ба ваҷд омадаанд.

Рустаму Эмомали в Ташкенте показали Humo Arena и музей Мадам Тюссо
Ҳайат, ҳамчунин аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Юнусобод дидан карда дар бораи технологияи нави ин макон маълумот гирифтааст.
Манбаъ афзуда, ки сафари Рустами Эмомалӣ дар Тошканд идома дорад.

