“Аллакай манъ кардан номумкин аст”. Коршинос дар бораи рафти “ҷанги раводидӣ”-и ИМА

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры США и американская виза
Денежные купюры США и американская виза - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Амрико ба ҳайати Хазинаи федеролии Русия ва роҳбари депортаменти ВУХ раводид надодааст. Дар бораи он, ки Вашингтон бо ин корҳояш чӣ мехоҳад, коршинос Дмитрий Солонников ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. ИМА боз ба русҳо раводид надод. Ин дафъа ба ҳайати Хазинаи федеролии Русия ва роҳбари депортаменти ВУХ оид ба корҳои ҳамвандон дар хориҷа Олга Малгинова. Дар ин бора РИА Новости маълумот дода аст.

ИМА дӯстонашонро пеш аз нишасти НАТО дар Лондон аз даст медиҳанд  - Sputnik Тоҷикистон
ИМА дӯстонашонро пеш аз нишасти НАТО дар Лондон аз даст медиҳанд

Ҳайати Хазинаи федеролии Русия бояд 3 декабр ба Тоҷикистон сафар мекарданд то ки дар конфронси Институти байналмилалии тахасуси аудитори ширкат варзанд. Корманди ВУХ бошад бояд дар Форуми ҷавонон рӯзҳои 28-29 ноябр дар Ню-Йорк иштирок мекард.

Чихеле, ки дар сафоратхонаи Русия дар Вашингтон қайд кардаанд ИМА ҳарчи бештар додани раводидро ба ашхоси расмии Русия қатъ мекунад ва аз баргузории гуфтушуниҳои асосӣ даст мекашад.

Чанде пеш ИМА ба 18 аъзои ҳайати Русия, ки мехостанд дар сесияи навбатии СММ дар Ню-Йорк ширкат варзанд раводид надода буд. Баъди ин Маскав дар бораи “ҷанги раводидӣ” аз ҷониби Вашингтон эълон карда буд.

Подразделения ПВО развернули С-400 на учениях Южного военного округа - Sputnik Тоҷикистон
Таҳдиди ИМА ба Туркия барои харидории С-400 аз Русия

Вобаста ба ин ба радиои Sputnik  роҳбари Институти рушди давлатии муосир Дмитрий Солоников вазъро шарҳ дода, қайд намуд, ки Вашингтон кӯшиш карда истодааст ба Маскав “фишор” орад.

“Русия бояд дар конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо масоили асосӣ оид ба назорати капитали ҷаҳонӣ баррасӣ мегарданд, иширок намояд. Аммо Русияро аз ин ҳақ “маҳрум” кардаситодаанд. ИМА чунин имкониятҳоро дорост ва одат кардааст, ки дунёро зери назорати худ бигирад. Ҳама дар он ҷо мегӯянд, ки мехоҳанд бо Русия дар алоқа бошанд, аммо мувофиқи шартҳои ИМА. Танҳо он вақт ҳама муносибаташонро бо Русия хуб мекунанд, ки Русия ба бузургии Амрико қоил бошад ва ба шартҳои он розӣ шавад...”, - гуфт Дмитрий Солонков.

Лентаи хабарҳо
0