“Ғолиби мутлақ”: пирӯзии се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо дар як озмуни шаҳрӣ

© Sputnik / Шоира ЮсуповаАбдулло Рахнамо, архивное фото
Абдулло Рахнамо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёд Раҳнамо, писари Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар як озмуни шаҳрӣ дар Душанбе пирӯз омада, Шоҳҷоиза ва 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулиро соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Бунёд Раҳнамо хонандаи литсейи хусусии “Раҳнамо” буда, бо ҳифзи ҳудуди 5000 байт ва бозгӯии мазмуни 200 китоби назмию насрии ватанию хориҷӣ Шоҳҷоизаи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” - ро ба даст овард.

Бино ба иттилои “Ховар”, ягона хабаргузории расмии Тоҷикистон, озмуни умумимиллии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, ширкаткунандагон аз рӯи чор номинатсия - азёд ва хондани осори адибони классики тоҷик – хонандаи мактаби №81-и шаҳри Душанбе Шукрона Хоҷамқулова, азёд ва осори адибони муосири тоҷик, азёд ва хондани ашъори бачагонаву афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, азёд ва хондани осори адабиёти ҷаҳон нерӯозмоӣ мекунанд.

Будничный Кабул - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Раҳнамо 5 сабаби муҳим будани сулҳи Афғонистон барои Тоҷикистонро гуфт

 “Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз эълони чунин озмун он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад”, - омадааст дар хабари “Ховар”.

Дар шаҳри Душанбе аз рӯи номинатсия аввал - азёд ва хондани осори адибони классики тоҷик Шабеҳа Раҳнамо, хонандаи литсейи “Раҳнамо”, номинатсияи дуюм - азёд ва осори адибони муосири тоҷик - Шукрона Хоҷамқулова, хонандаи мактаби №81-и шаҳри Душанбе, номинатсияи сеюм - азёд ва хондани ашъори бачагонаву афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик - Муҳаммад Раҳнамо, хонандаи литсейи “Раҳнамо”, азёд ва хондани осори адабиёти ҷаҳон - Шабнам Одинаева, донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойҳои аввалро гирифтанд.

Ифтихор Носиралиев, хонандаи мактаби №35-и шаҳри Душанбе аз рўи чор номинатсия Ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе ба даст овард ва бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

“Ғолиби мутлақи озмун бошад, аз рўйи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи “Раҳнамо” Бунёд Раҳнамо эълон шуд”, омадааст дар хабари “Ховар”.

Будничный Кабул - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Раҳнамо 5 сабаби муҳим будани сулҳи Афғонистон барои Тоҷикистонро гуфт

Бунёд, Шабеҳа, Муҳаммад фарзандони Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷиканд, ки ҳамагӣ дар литсейи “Раҳнамо” таҳсил мекунанд.

Литсейи “Раҳнамо” низ ба Абдуллоҳи Раҳнамо тааллуқ дорад, ки беш аз даҳ сол ба ин сӯ фаъолият дорад ва такя бар улуми инсонӣ мекунад.

Дар маросими эълони ғолибон муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр, шоирону нависандагон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок доштанд.

Лентаи хабарҳо
0