ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, ин китоб бо баргардонии Ҳасани Қарибӣ ба забони форсӣ дар Эрон ба чоп расидааст.
Ин маросим ба эҳтимоми Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ва ҳамкории сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, нашрияи Бухоро, Бунёди Саъдӣ, Бунёди мавқуфоти доктор Афшор ва нашриёти "Хомӯш" соати 17, рӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафта дар Бунёди мавқуфоти доктор Маҳмуди Афшор мавсум ба Конуни забони форсӣ воқеъ дар хиёбони Валиасри Теҳрон, се роҳи Заъфарония баргузор мешавад.
Вазири нирӯи Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, аъзои пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, устодон ва пажӯҳишгарони барҷастаи эронӣ ва алоқамандон ба фарҳангу адаби муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар ин нишаст ҳузур меёбанд.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, Сайидмустафо Муҳаққиқи Домод, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Алӣ Ашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Алӣ Равоқӣ, Муҳсини Ҷаводӣ, Асғари Додбеҳ, Ҳасани Қарибӣ ва Алии Деҳбошӣ дар ин маросим суханронӣ хоҳанд кард.