Дар Маскав нахустин Шӯрои умумирусиягии ҷавонони тоҷик баргузор гардид

© © Комитет по делам молодежи РТДар Маскав нахустин Шӯрои умумирусиягии ҷавонони тоҷик баргузор гардид
Дар Маскав нахустин Шӯрои умумирусиягии ҷавонони тоҷик баргузор гардид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Русия нахустин ҷаласаи Шӯрои умумирусиягии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Рӯзи 2 декабр, дар толори маҷлисгоҳи Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия нахустин ҷаласаи Шӯрои умумирусиягии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” бо ширкати роҳбарону намояндагон ва аъзоёни фаъоли маҳфил дар вилоят, шаҳр ва минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия баргузор гардидааст.

Молодежь - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бритониё намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Дар ин бора сухангӯи Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷаласаи умумирксиягии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар як сол як маротиба доир гардида, мақсад аз баргузории Шӯрои мазкур муттаҳид намудани намояндагони маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Русия мебошад.

Шӯрои умумирусияигии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар заминаи фаъолияти намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Федератсияи Русия роҳандозӣ гардида, иқдоми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори  Шӯро роҳбарони намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Маскав, Комсомол на Амур, Ростов на Дону, Санк Петербург, Кроснаярск, Кроснадар, Пенза, Қазон, Иваново, Сургут, Самара, Кирова, Уляновск, Екатеренбург ва дигар минтақаҳо иштирок намуда, ҷиҳати амалигардонии кори маҳфил таклифу пешниҳодҳо ва дархостҳои худро баён намуданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” тибқи нишондоди рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гиритфанд:

  • Тақвияти фаъолияти маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Русия;
  • Ба роҳ мондани механизми амалишавии Нақшаи маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” барои солҳои таҳсили 2019 – 2020  ва ташкили як қатор чорабиниҳои мақсаднок.  

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар заминаи дастуру супоришҳо ва дастгириҳои  Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, дар муддати панҷ сол тавонист, ки намояндагии худро дар беш аз 17 давлати дунё таъсис диҳад.

Лентаи хабарҳо
0