Боздошти 11 нафари мусаллаҳ бо силоҳи сард дар Душанбе

CC0 / pixabay / Нож в руке, архивное фото
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон давоми се рӯзи амалиёти "Корд" аз сокинони пойтахт даҳҳо адад корду кастет мусодира карданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Кормандони пулиси пойтахт давоми се рӯзи амалиёти шартии "Корд" 11 нафарро барои мусаллаҳ будан бо силоҳи сард дастгир намуданд ва алайҳи онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима аз 1 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуданд.

Марям Иброҳимова, сокини шаҳри Душанбе бо кастет - Sputnik Тоҷикистон
"Дилбари кастет ба даст": Марям гуфт, чаро бо “силоҳи сард” мегардад

Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, аз санаи 27 - уми ноябр то 1 - уми декабри соли равон, 11 нафар ҷавонон боздошт шуданд, ки бо худ силоҳи сард аз қабили корду кастет ва электрошокер мегардониданд.

Мусодираи корд аз як духтар дар "дискоклуб"- и Душанбе

Гуфта тмешавад, дар марҳилаи навбатии амалиёт аз 11-нафар шаҳрвандон 10-адад корд, 2-адад кастет ва як адад электрошокер дарёфту мусодира карда шуданд.

Раёсати ВУД ҳушдор медиҳад, аз нафароне, ки силоҳҳои сард мусодира шуд дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ метавонанд аз он истифода кунанд ва  ҷиноятҳои вазнин содир кунанд.

Муроҷиати ВУД ба сокинони Душанбе: падарону модарон, фарзандони худро назорат кунед

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира гардид, чораҳои таъсиррасони қонунӣ аз ҷумла ҷазо дар намуди ҷарима аз 1 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.

Аз ин хотир, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки “то охирин лаҳза ва пурра решакан намудани ин амали номатлуб мубориза бурда, амалиёти ҳадафмандонаро дар ҳудуди пойтахт идома медиҳад”.

Лентаи хабарҳо
0