Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйрёбандаи бебориш дар назар аст

Ба итилои Ожон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи   бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона  1+6  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад "Ховар" аз қавли Ожонс.

Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меғ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад.  Туман  мефарояд.  Шамол аз самти  шарқ босуръати 2-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва   рӯзона    1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

 

Меғ, барф ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6  ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук шуда, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 3-5 ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0