Пайкараи Александр Пушкин дар маркази Душанбе қомат афрохт

© Sputnik / Амир ИсаевОткрытие памятника Пушкину в Душанбе
Открытие памятника Пушкину в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пайкараи шоири маъруфи рус Александр Сергеевич Пушкин имрӯз дар марказишаҳри Душанбе қомат афрохт

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои маротибаи нахуст муҷассамаи ходими намоёни адабиёт ва фарҳанги рус Александр Сергеевич Пушкин гузошта шуд.

Ифтитоҳи пайкараи ин ходими машҳури Русия дар назди бинои марказии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону - Русия  ботантанаи  баргузор шуд.

© Sputnik / Амир ИсаевОткрытие памятника Пушкину в Душанбе
Пайкараи Александр Пушкин дар маркази Душанбе қомат афрохт - Sputnik Тоҷикистон
Открытие памятника Пушкину в Душанбе

Макони қомат афрохтани пайкараи Пушкин бисёр бамаврид аст, чун андаке дуртар аз пайкараи шоири рус, кӯчае ҷойгир аст, ки ба номи Александр Сергеевич Пушкин гузошта шудааст.

Памятник А. С. Пушкина - Sputnik Тоҷикистон
Пайкараи Пушкин моҳи оянда дар Душанбе гузошта мешавад

Муҷассамаи хотиравӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия омода гардида, сипас ба Душанбе интиқол ёфт.

Азми Русия ва қарори Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе муҷассамаи Пушкин гузошта мешавад

Ифтитоҳи муҷассамаи пушкин аз ҷониби Вазири фарҳанги Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин ва сафири фавқуллодаи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин - Фролов баргузор гардид.

Зимнан дар кори ин чорабинӣ ҳамчунин узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои ИДМ, Иван Белеков ва роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев ширкат варзиданд.

"Ифтитоҳи  муҷассамаи ин писари бузурги Русия далели равшани анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад, ки байни мардумони кишварҳои мо ташаккул ёфтааст", таъкид кард сафири Русия.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрдори Душанбе чанде қабл қарор кард ,ки дар маркази пойтахт пайкараи шоири саршиноси рус Александр пушкин гузошта шавад.

Бояд гуфт, ки пайкара бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия омода шуда, ба Душанбе интиқол дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи гузоштани пайкараи Александр Пушкинро моҳи марти соли равон, муовини вазири фарҳанги Русия Олга Ярилова  бо муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода баррасӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0