ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ин мавқеи Амрикоро чанд рӯзи қабл зимни як сафари эълоннашуда ба Афғонистон дар фурудгоҳи “Багром”, ки таҳти идораи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО қарор дорад, дар ҳузури ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай баён намуд.
Музокироти сулҳ миёни Амрикову Толибон моҳи сентябри соли равон дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи Шашдараки Кобул, ки 12 кушта, аз ҷумла як низомии амрикоиро ба ҷой гузошт ва Толибон масъулияти онро ба дӯш гирифтанд, яктарафа аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ба таъхир афтод.
Раисҷумҳури Амрико он замон дастур дод, ки раванди музокирот ва имзои созишнома қатъ шавад. Пас аз сафари ғайримунтазираи Доналд Трамп ба Афғонистон музокироти Амрикову Толибон дар Доҳаи Қатар аз сар гирифта шуд. Дар ин миён чӣ гузашт? Як коршиноси аршади Афғонистон инро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Парлумони Афғонистон аз дидори Ашраф Ғанӣ бо Доналд Трамп интиқод кард
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, собиқ узви парлумон ва яке аз чеҳраҳои маъруфи низомии зиддитолиб дар Афғонистон мегӯяд, ҳодисаи Шашдарак як баҳонаи амрикоиҳо барои қатъи музокирот ва имзои созишнома буд. Ба қавли ӯ, он замон амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Толибон имзои тавофуқномаро пирӯзӣ бар Амрико ва пирӯзии ҷиҳоди худ медонистанд.
“Толибон омодагӣ ба як ҷашни бузург мегирифтанд. Хеле ҳаяҷонӣ ва завқзада буданд. Амрико вақте завқзадагии Толибонро дид, эҳсос кард, ки иштибоҳ кардааст ва он иштибоҳ ин аст, ки толибро болотар аз ҷое, ки лозим буд, нишондааст. Аз ин хотир, бо баҳонаи ҳодисаи Шашдарак музокиротро мутаваққиф карданд”, - гуфт Регистонӣ.
Ба қавли ин коршинос, ин вазъ Толибонро маҷбур кард, то ба фикри аз сар оғоз кардани музокирот шаванд ва ҳайатҳои худро ба кишварҳои дахил дар минтақаву Афғонистон - Русия, Чин, Эрон фиристоданд, то битавонанд Амрикоро сари мизи музокирот биёваранд ва тавофуқномаро имзо кунанд.
“Амрикоиҳо чун диданд, дуруст муҳосаба кардаанд, шурӯъ карданд ба гузоштани шартҳои ҷадид: шарти аввал ин буд, ки Толибон интихоботро ихлол накунанд, ки накарданд. Тавре дидед, интихоботи раёсатиҷумҳурии моҳи сентябр ором гузашт, ҳарчанд Толибон ваъдаи ба хоку хун кашидани онро дода буданд. Шарти дуюми амрикоиҳо ин буд, ки Толибон дар шаҳрҳои бузург, махсусан Кобул ҳамалоти интиҳорӣ накунанд. Толибон ин шартро ҳам иҷро карданд. Қариб ду моҳ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон ягон ҳамлаи террористӣ анҷом нашуд. Шарти сеюм ин буд, ки гаравгонҳои амрикоиро раҳо кунед, зеро шумо инҳоро ихтитоф кардед, инҳо дар ҷанг асир нашудаанд. Толибон дар баробари ин шарт талаб карданд, ки муҳимтарин асирони худ – Анас Ҳаққониву боз ҳудуди 80 нафари дигарро аз Амрико талаб намоянд. Ин шарт ҳам иҷро шуд. Ҳукумати Афғонистон бо вуҷуди норизоиятиҳо дар ҷомиа онҳоро ба амрикоиҳо таслим кард. Азбаски ҳукумати Кобул аз сӯи Амрико пуштибонии моливу низомӣ мешавад, ин талабро рад карда натавонист. Тавре мегӯянд, “ҳар кӣ нон диҳад, фармон диҳад”, - гуфт Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ.
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, яке аз раҳбарони низомӣ ва сиёсии Шӯрои наззор, танзими таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи маъруф ва Қаҳрамони миллии Афғонистон буд. Дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ Регистонӣ фиристодаи хоси Аҳмадшоҳи Масъуд дар Маскав ва пас аз суқути ин режим як давра узви парлумони Афғонистон буд.
Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибон ҳанӯз тирамоҳи соли 2018 шурӯъ шуда буд. Коршиносон онро қадами аввал ба сӯи сулҳ дар Афғонистон арзёбӣ мекунанд. Қарор аст, пас аз имзои созишнома миёни Амрикову Толибон музокироти байнулафғонӣ оғоз шаванд, ки дар он тамоми нерӯҳои сиёсӣ ширкат хоҳанд кард.