ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Мусобиқаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон дар гурӯҳи "А" анҷом ёфт ва ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи финалӣ, ки 14-31 октябри соли оянда дар Узбакистон доир мегардад, маълум шуданд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои сарчашма, дар баробари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки қаблан дар гурӯҳи "С"-и марҳилаи интихобӣ ҷои аввалро сазовор гардид, ба марҳилаи финалии Қаҳрамонии Осиё-2020 ғолибони 10 гурӯҳи дигар роҳхат гирифтанд.
Инҳо тими Ироқ дар гурӯҳи "А", Қатар (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “D”), Баҳрайн (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “F”), Малайзия (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”) ва Индонезия (гурӯҳи “K”) мебошанд.
Бозингаронро дуруст интихоб накардам: Тошев омили аслии бохти тимашро шарҳ дод
Манбаъ меафзояд, ҳамчунин, 4 дастаи дигари ҷои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар дар марҳилаи финалии Қаҳрамонии Осиё-2020 иштирок мекунанд: Лаос (гурӯҳи “Н”), Ветнам (гурӯҳи “J”), Яман (гурӯҳи “В”) ва Камбоҷа (гурӯҳи “G”).
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "С" 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар се бозӣ се ғалаба ба даст овард ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.
Шогирдони Зайниддин Раҳимов бар дастаҳои Малдив (9:0), Лубнон (1:0), Сурия (1:0) пирӯз шуданд.