Аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9,5 миллион нафар мерасад

© © Sputnik / Амир ИсаевДетский фестиваль в Пяндже
Детский фестиваль в Пяндже - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9,5 миллион нафар хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Имсол аҳолии Тоҷикистон бо рушди 2 дарсадӣ дар муқоиса бо соли қабл ба 9 миллиону 258 ҳазор нафар расидааст, иттилоъ длодааст хабаргузории ТоҷикТА.

Комната таджикской мигрантки Шоисты Кодировой - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон 27 дарсади аҳолӣ камбизоат будааст

Тибқи иттилои манбаъ, аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи ин кишвар 3 миллиону 300 ҳазор нафар дар вилояти Хатлон, 2 миллиону 600 ҳазор нафар дар вилояти Суғд, 2 миллиону 100 ҳазор нафар дар навоҳии марказӣ, 228 ҳазору 500 нафар дар вилояти кӯҳистони Бадахшон ва 855 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе сукунат доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл Бонки Ҷаҳонӣ рушди сареъи аҳолииТоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди иштиғол ва коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад, бомбаи соатӣ эълом карда буд.

Аз нигоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоле, ки як севум аз аҳолӣ беш аз 9 миллион нафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сола ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам душвор шудааст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд.

Ба гуфтаи коршиносони умури ҷамъият дар соли 2023 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Лентаи хабарҳо
0