https://sputnik.tj/20191201/Afghanistan-intijod-parlament-president--1030316914.html
Парлумони Афғонистон аз дидори Ашраф Ғанӣ бо Доналд Трамп интиқод кард
Парлумони Афғонистон аз дидори Ашраф Ғанӣ бо Доналд Трамп интиқод кард
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Афғонистон бо интиқод аз дидори раиси ҷумҳури ин кишвар бо Доналд Трамп ҳамтои амрикоиаш дар пойгоҳи ҳавоии Беграм аз Ашраф Ғанӣ хост аз мардуми... 01.12.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-12-01T19:20+0500
2019-12-01T19:20+0500
2021-04-19T16:11+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101390/55/1013905507_0:0:3495:1967_1920x0_80_0_0_5b5a584239321cdfd524b2e63566a885.jpg
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101390/55/1013905507_444:0:3495:2288_1920x0_80_0_0_53ebacd96b3eab06eda0d2ad6afbf053.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, доналд трамп, узрхоҳӣ, афғонистон, амрико
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, доналд трамп, узрхоҳӣ, афғонистон, амрико
Парлумони Афғонистон аз дидори Ашраф Ғанӣ бо Доналд Трамп интиқод кард
19:20 01.12.2019 (Навсозишуда: 16:11 19.04.2021) Парлумони Афғонистон бо интиқод аз дидори раиси ҷумҳури ин кишвар бо Доналд Трамп ҳамтои амрикоиаш дар пойгоҳи ҳавоии Беграм аз Ашраф Ғанӣ хост аз мардуми Афғонистон узрхоҳӣ кунад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Аъзои парлумони Афғонистон дар саҳни алании маҷлис эълом карданд дидори Ашраф Ғанӣ бо Трамп дар пойгоҳи Беграм эҳсосоти мардуми ин кишварро хадшадор кардааст.
Шуморе аз намояндагон эълом карданд ҳузури Ашраф Ғанӣ дар пойгоҳи низомии Беграм барои мулоқот бо Трамп истиқлоли Афғонистонро зери савол бурд ва тавҳин ба мардуми ин кишвар буд.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе 28 ноябр дар сафаре аз пеш эъломнашуда вориди пойгоҳи низомиёни ин кишвар дар Беграми Афғонистон шуд ва Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурӣ ва Асадуллоҳ Холид сарпарасти Вазорати дифои ин кишвар ба дидори вай рафтанд.
Ин сафари Трамп ба Афғонистон ва рафтани Ашраф Ғанӣ ба дидори вай бо интиқоди шадиди афкори умумӣ, расонаҳо ва сиёсатмадорон ва чеҳраҳои саршиноси ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.