ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дастаи “Моҳир” дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон дар бозии даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон тими “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиёнро бо ҳисоби бузург шикаст дод ва баъд аз ин ғалаба дар садри ҷадвали чемпионати имсола қарор гирифт.
Дар натиҷа, футболбозони “Моҳир” Ҷоми ин мусобиқаро ба даст оварда, ба лигаи 1-уми чемпионати кишвар роҳхат гирифтанд, хабар додаст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.
Манбаъ афзуд, дастаи мазкур дар лигаи дуюми чемпионати Тоҷикистон 22 бозиро бо натиҷаи 18 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ анҷом додааст. Ба дарвозаи ҳарифони худ 90 гол ворид намуда, дар маҷмӯъ, соҳиби 56 хол гардидааст.
Дар маросими тақдими Ҷоми мусобиқа ва медалҳо барои ҷойи якум иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарифов иштирок намуданд. Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тиллои лигаи 2 ба футболбозон ва ҳайати мураббиёни даста дар вазъи тантанавӣ тақдим карда шуд.