Чорабинии мазкур таҳти сарпарастии ҳукумати Русия дар доираи "Барномаи кӯмаки техникӣ бакишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба хотири пешгирӣ ва назорати ВИЧ / СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ" доир гардид.
Гуфта мешавад, барномаи мазкур кишварҳое чун, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистонро фаро мегирад.
Дар рафти ифтитоҳи дармонгоҳи сайёри тиббӣ сафири фавқуллода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин - Фролов иштирок намуд.
Аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бошад дар қабули кумаки тиббии Русия, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Умеда Саидова ҳузур доштанд.
Кумакҳои башардӯстонаи 57 кишвари дунё ба Тоҷикистон
Бояд зикр намуд, ки Русия барои татбиқи ин барнома дар солҳои 2019-2021, ҳудуди 17,8 миллион доллари амрикоӣ ва 300,4 миллион рубл ихтисос додааст.
Дармонгоҳи сайёри мобилӣ барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, инчунин ташхиси сирояти ВИЧ/СПИД, гепатитҳои вирусӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ пешбинӣ гардидааст.