Овозхонони ҷавону муваффақи тоҷик Меҳрнигори Рустам ва Некрӯз Ниёзов таронаи "Рақс бикун" – и ҳофизи саршиноси тоҷик, шодравон Муборакшо Мирзошоевро бозхонӣ намуданд.
Тарона ва намоҳанги ин суруд дар саҳифаи YouTube-и Меҳрнигори Рустам нашр гардид ва аллакай беш аз 4 ҳазор нафар онро тамошо карданд.
"Рейтинги ситора"-ҳо: аз пешсафии Шабнам то мақоми охири Валиҷон
Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигор бори аввал нест, ки сурудҳои сарояндагони номии гузаштаи тоҷикро бозхонӣ мекунад. Ӯ чанде пеш таронаи “Маҷнун набудам” – ро бозхонӣ намуда буд, ки аз ҷониби мухлисонаш хеле хуб пазируфта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Меҳринигори Рустам чанде қабл дар рӯзи зодрӯзаш намоҳанги ҷадид, таҳти унвони "Нашав ошиқ"- ро нашр намуд, ки то ҳол онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо ва баҳогузорӣ намудааст.