Интиқоли 66 миллион тонна бор тариқи худравҳо дар 10 моҳ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПогрузка товара в автомобиль на продуктовой базе
Погрузка товара в автомобиль на продуктовой базе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли бор дар кишвар асосан бо истифода аз худравҳо сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Интиқоли бор тавассути худравҳо дар қиёс ба истифода аз роҳи оҳан дар Тоҷикистон наздики 15 баробар зиёд мебошад.

Главное управление архитектуры и градостроительства города Душанбе, разработало проект современного многоярусного автопаркинга - Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори Рустам: дар Душанбе таваққуфгоҳҳои 6 қабата сохта мешаванд

Аз оғози сол то ба ҳол 93,1 дарсади кулли таробарӣ дар Тоҷикистон тавассути худравҳо анҷом ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бурду бохти кормандони гумрук: аз иҷрои нақша то содиршавии ҷиноятҳои мансабӣ

Манбаъ бо такя ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон афзудааст, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ тавассути худравҳо ҳудуди 66 миллион тонна коло таробарӣ гардид. Вазорат таъкид намудааст, ки ин нишондод дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 0,5 дарсад бештар мебошад.

Ҳушдори БДА ба ронандагону мусофирон: бе зарурат ба сафар набароед

Инчунин аз аввали сол то ҳол аз тариқи роҳи оҳан беш аз 4,5 миллион тонна коло таробарӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0