Кокляев, ки нахустин қадамҳояшро дар майдони муштзанӣ гузоштааст, дар даври аввал шикаст хӯрд.
Ин муштзанӣ дар пайи як баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зимни он Кокляев Емеляненкоро ба майдон хонд, баргузор шуд. Размикор низ ба даъвати штангабардор посухи мусбат дод.
Сабқат бар асоси қоидаҳои муштзанӣ баргузор шуда, дар назар буд, ки 4 давр 3-дақиқаӣ давом ёбад. Аммо дар амал 13 сония то анҷоми даври аввал пирӯзии Емеляненко анҷом ёфт.
Шарти Майк Тайсон барои баргаштан ба майдони муҳориба - навор
Емеляненко барои сабқати кӯтоҳ мухлисон узр хоста, гуфт, ба ҳадди имконаш дар ин сабқат таъхиркорӣ карду талош дошт, то дертар давом кунад.
Қабл аз муҳориба низ бисёри коршиносону мухлисон пирӯзии Емеляненкоро пешгӯӣ карда буданд, чун таҷрибаи зиёди муштзанӣ дорад.