Мулоқоти писарони президентҳои Тоҷикистону Туркия

© Мэрия города ДушанбеМэр Душанбе Рустам Эмомали встретился с председателем Всемирной конфедерации этноспорта Билалом Эрдоганом
Мэр Душанбе Рустам Эмомали встретился с председателем Всемирной конфедерации этноспорта Билалом Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Наҷмиддин Билол Эрдуғон, писари раисиҷумҳури Туркия ва раиси Конфедератсияи умумиҷаҳонии Варзиши миллӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, маҳаки асосии музокиротро масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Конфедератсияи Умумиҷаҳонии Варзиши миллӣ ташкил дод.

Первые состязания по автомобильному спринту в Чечне - Sputnik Тоҷикистон
Сокини 29 солаи Душанбе барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ 14 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Манбаъ афзуд, ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сохторҳои Ҳукумати Туркия торафт густаришу тақвият меёбад ва имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 ширкати маъруфи Туркия намояндагиҳои худро ифтитоҳ намудаанд.

“Ба ин ҳамкориҳо, робитаҳои бародаршаҳрӣ байни пойтахтҳои ду кишвар - шаҳрҳои Душанбе ва Анқара, ки аз 11 декабри соли 2003 сарчашма мегиранд, бо мазмуну мундариҷаи нав такони ҷиддӣ мебахшанд. Яке аз самтҳои ҳамкории байни ду кишварро робитаҳои варзишӣ ташкил медиҳанд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон соҳаи варзиш рушд меёбад.

Бузкаши: национальная забава на лошадях - Sputnik Тоҷикистон
Бузкашӣ дар Панҷакент бо иштироки човандозони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон

Аз ҷумла зикр шудааст, ки дар баробари намудҳои анъанавӣ - футбол, гӯштин, волейбол, камонварӣ, гурзпартоӣ, таэквандо, бокс, инчунин намудҳои варзиши миллӣ, аз қабили аспдавонӣ, гӯштингирӣ, чавгонбозӣ ва ғайра хеле маъмул мебошанд ва ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мусобиқаҳои зиёди аспдавонӣ, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ ва ғайра гузаронида мешавад.

Котиботи шаҳрдорӣ афзуд, барои ташаккул ва оммавигардонии варзиши миллӣ дар Тоҷикстон Кумитаи ташкилии гузаронидани бозиҳои миллӣ таъсис дода шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0