ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ҳамдамов дар мақоми раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Шаҳло Акобироваро иваз кард, ки муҳлати фаъолияташ дар ин симат анҷом ёфт. Як кас ҳақ дорад ба ин мақом ду бор ба муҳлати яксолӣ интихоб шавад.
Инчунин Илҳоми Ҷамолиён ва Дилором Маҳкамова узви Раёсати Шӯрои ВАО интихоб гардиданд.
Шӯрои ВАО иттиҳоди ҷамъиятиест, ки созмонҳои журналистӣ ва идораҳои ВАО-и Тоҷикистон онро таъсис доданд. Нахустин ҷаласаи Шӯро расо 10 соли қабл, моҳи ноябри соли 2009 баргузор шуда буд.
То ҳол Шӯрои мазкурро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳ Исмоилов, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршед Атовулло ва Шаҳло Акобирова роҳбарӣ карда буданд.
Дар ҷаласае, ки имрӯз дар меҳмонхонаи "Хилтон"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз кори Шӯро тайи як сол ва бурду бохти бахши рӯзноманигорӣ дар кишвар гузоришҳо дода шуд.
Аз ҷумла устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Раёсати Шӯрои ВАО Қироншоҳ Шарифзода дар мавзӯи натоиҷи мониторинги шашмоҳаи риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон, Илҳом Ҷамолиён, муовини раиси ИЖТ дар вилояти Суғд, дар мавзӯи "Омилҳои аслии рушд накардани бозори реклама дар ВАО-и тоҷик", Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ " Хома" дар мавзӯи "Танзими ҳуқуқии бозори реклама дар ВАО" сухан ронданд.