ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия ду сокини пойтахт мардҳои 27 ва 34 - соларо боздошт намуданд, ки аз ҳиссиёти авбошӣ дар лутукӯб намудани роҳгузар гумонбар дониста мешаванд.
Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Шӯъбаи ВКД - 1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 31 - сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.
Зани солхӯрда дар Душанбе аз ҳамла дар пеши хонааш шикоят кард
Ба изҳори сокини пойтахт ӯро бегоҳи 27 - уми ноябр дар кӯчаи Лоҳутӣ ашхоси номаълум латукӯб намуда бо корд ду маротиба ба аъзои баданаш зарба зада, аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд.
Номбурда бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Рашк: кордзан ҷабрдидаи 57-соларо дар ишқварзӣ бо занаш айбдор кард - видео
Зимнан, кормандони милитсия ду сокини пойтахтро дастгир намуданд, ки дар латукӯб ва захмӣ намудани номбурда даст доштанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.