ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-18, дар баъзе ноҳияҳо то 23 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад "Ховар" аз қавли Ожонс.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар Бадахшон имрӯз барф меборад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук шуда, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.