Қарзи “Барқи тоҷик” назди НБО Сангтуда-1 ба беш аз 1 миллиарду 329 миллион сомонӣ расид

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкСангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане
Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарзи “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтуда-1” аз моҳи ииюл то моҳи ноябри соли равон беш аз 29 миллион сомонӣ зиёд шуд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳаҷми умумии қарзи ширктаи монополист назди ин нерӯгоҳ барои аввали июли соли ҷорӣ ба 1,3 млрд сомонӣ. 

Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯгоҳи Сангтуда-1 моликияти худро мефурӯшад

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аз моҳи июл то ноябри соли равон беш аз 29 миллион сомонӣ зиёд шуда, айни ҳол беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил додааст.

Сомонаи расмии нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" хабар медиҳад, ки ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳ 1 329,74 миллион сомонӣ қарздор шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки  давоми семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба миқдори 118,4 млн. сомонӣ  афзуда, ба санаи 31 марти соли 2019 ба 1,17 млрд. сомонӣ  баробар шуд.

ҶСК "НБО Сангтӯда-1" — муассисаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли 2005  дар дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Иқтидори муқарраршудаи  "Сангтуда-1" 670 МВт аст.

Аввалин гидроагрегати нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 ба кор оғоз кард.

Чаҳор гидроагрегати нерӯгоҳи барқии обӣ 31 июли соли 2009 расман ба кор шурӯъ кард. Саҳми умумии коркарди нерӯи барқи НБО Сангтӯда-1 12% тавлиди кулли нерӯи барқи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0