ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Аз санаи 1 январи соли 2020 Станислав Зас, намояндаи Белорус ба ҳайси роҳбари Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба кори худ оғоз хоҳад кард, иттилоъ додааст хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Исми ӯро иҷрокунандаи вазифаи роҳбари СПАД Валерий Семериков эълон кардааст. Намояндагии Станислав Зас аз тарафи тамоми сарони кишварҳои узви СПАД маъқул дониста шуд.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар соли равон таҳти роҳбари раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор мегардад.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Роҳбарони Қазоқистону Белорус, Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Александр Лукашенко, Инчунин нахуствазири Арманистон Никол Пашинян иштирок доранд.
Гуфта мешавад, иштирокчиёни ин ҳамоиш қабл аз ҳама тақвияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро муҳокима мекунанд ва сипас ба мавзӯи нерӯи низомӣ ва таҳияи стратегияи глобалии зиддитеррористӣ таваҷҷӯҳ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзномаи ҷаласа 17 масъала, аз ҷумла ҷашни қарибулвуқӯи 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ мешавад.