ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ бо ҷангиёни гурӯҳи мамнӯъшудаи Толибон дар пойтахти Эрон мулоқот намуд.
Дар ин бора котиби ин гурӯҳи террористӣ Суҳайл Шоҳин дар сафҳаи худ дар Twitter хабар додаст.
"Ҳайати Толибон таҳти роҳбарии муовини сардори гурӯҳи Толибон Мулло Бародар бо вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф дар Теҳрон мулоқот намуд. Ҳарду ҷониб ҳалли мушкилоти Афғонистонро аз роҳи сулҳу осоиштагӣ баррасӣ карданд", - навиштааст Шоҳин дар сафҳаи худ.
Террори собиқ мансабдори Толибон дар қарибии сафорати Русия дар Кобул
Зимнан, намояндагони ҳукумат ва ҷонибдорони гурӯҳи Толибон масоили гурезаҳои афғон дар Эронро низ ба баҳс кашида, ҳукуматдорон қавл доданд, ки дар зудтарин фурсат мушкилоти онҳоро ҳал хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндагони Толибон ва ҳайати расмии Амрико дар Доҳа сари мизи музокирот нишаста ба созиш расида буданд.
Вале пас аз чанде раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп созишномаи сулҳ бо Толибонро бекор кард. Чун ҷангиёни толиб масъулияти як ҳамалаи маргбор дар Афғонистонро ба зимма гирифтанд.
Садҳо ҷангии Толибон ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд - навор
Дар ҳамин ҳол, намояндагони гурӯҳи мамнӯи Толибон изҳор медоранд, то замоне, ки низомиёни Амрико хоки Афғонистонро тарк намекунанд, онҳо ба муборизаҳои худ хотима намедиҳанд.