Сергей Лавров аз мушкилоти кор бо муҳоҷирон гуфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки ташкили нодурусти ҷараёни муҳоҷират ба мушкилоти зиёде мерасонад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Корҳои  профилактикӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар кишварҳои худашон анҷом дода шавад, гуфт Сергей Лавров Вазири умури Русия.

Зеленый рынок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
СБМ барои таваҷҷуҳ ба занон, тағйири иқлим ва муҳоҷират 200 ҳазор доллар ҷудо кард

“Талаботи асли ба муҳоҷир – ин риояи қонун аст. Бо муҳоҷирони меҳнатӣ  корҳои профилактикӣ бояд дар кишварҳои худашон гузаронида шавад”, - гуфт вайзимни суханрониаш дар Академияи дипломатии ВУХ Қирғизистон.

Вазир инчунин таъкид кард, ки кормандони ВКД Русия, ки масъули ҷараёни муҳоҷиратӣ мебошад, алакай ба ташкили корҳои профилактикӣ миёни муҳоҷирон машғул шудааст.

Лавров афзуд, дуруст ба роҳ мондани ҷараёни муҳоҷироат дар ин раванд бисёр муҳим мебошад.

“Ҷалби муташакилонаи муҳоҷирон ин ягона роҳи боэътимод аст, вагарна мушкилоти зиёде пеш меояд, ба хусус барои худи муҳоҷирон. Ба онҳо маош намедиҳанд ё ин ки шиносномаҳояшонро мегиранд”, - зикр кард вазири хориҷаи Русия.

Дар ҳамин ҳол, вай гуфт муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон дар Русия бояд ба мушкилоти зиёде бояд рӯ ба рӯ нашаванд. Чунки донистани забони русии  аксари шаҳрвандони ин кишвар дар сатҳи олӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0