Туркия ба санҷиши танзими “радар”-и С-400, ки аз Русия харидорӣ шуда буд оғоз кард. Санҷиш ин як давраи таёри барои ба истифода додани ПВО русӣ аст.
Мувофиқи нақшаи Туркия С-400 дар моҳи апрели соли 2020 ба истифода дода мешаванд. Санҷиши С-400 дар ҳоле мегузарад, ки аз ҷониби Амрико фишор эҳсос мегардад, ки ба ҳамкориҳои Туркия ва Амрико қаноатбахш нест.
Харидории С-400 руси муносибатҳои Амрико бо Туркияро вайрон кард ва ИМА аз ҳаммаслакаш бо НАТО талаб кард, ки ба ҷои ракетаи русӣ Patriot харад .
“Чихеле, ки шумо қайд кардед Амрико метавонад сари мизи гуфтушунид нишинад. Онҳо мефаҳманд, ки барои ин кор бояд аз ракетаҳои русӣ халос шуд. Дар ин ҳол мо истисно намекунем, ки фурӯши маҷмааи Patriot-ро, ки чунин навъ ракета барои артиши туркҳо лозим аст қатъ намекунем”, - ба рӯзноманигорони амрикоӣ гуфтааст як корманди номаълуми баландмақоми Депортаменти давлатии ИМА.
Аммо Туркия аз кораш қафо нагашта истодааст ва кӯшиш мекунад Амрикоро ҳамин тавр қонеъ кунонад, ки харидории С-400 ин барои амнияти миллии кишвар мебошад.
Ин якдигарнофаҳмӣ ба чӣ оварда мерасонад, маълум нест. ИМА Туркияро бо таҳрим ва дигар нафурухтани “истребител”-ҳои F-35 таҳдид кардаистодаст, аммо дар охир аз ҳама зиёд Амрико метавонад зарар бинад.
ИМА бо ҳаракатҳои худ танҳо муносибатҳои Туркия бо Русияро қавитар мегардонад. Туркия борҳо дар бораи мақсади қавигардонии муносибатҳои низомияш бо Русия гуфтааст.