Сомон дар радабандии ҷудо дар мақоми 12 қарор дорад

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷудокоронии тоҷик то моҳи майи соли 2020 имкон доранд мавқеашонро дар радабандии ҷаҳониву инфиродӣ беҳтар кунанд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) раддабандии нави ҷудокоронро нашр намуд.

Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадбеков паҳлавони ҷопониро шикаст дода, нишони биринҷӣ гирифт

Бар хабари сомонаи "Варзиш", қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон,ҷудокори  тоҷик - Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии инфиродии олимпӣ дар вазни 73 кило бо касби 2554 имтиёз ба зинаи 12-ум баромад.

Варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар ҳамин вазн бо дарёфти 1998 хол дар мақоми 19 мавқеъ гирифт.

Ёдовар мешавем, ки гӯштингирон имкони ба даст овардани холҳои олимпӣ ва беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳониву инфиродии олимпиро то моҳи майи соли 2020 доранд.

Сомон се рақиби худро мағлуб намуда, талоши гирифтани нишони биринҷӣ дорад

Сомон Маҳмадбеков чанде қабл дар мусобиқаи "Osaka Grand Slam 2019" ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор шуд.

Лентаи хабарҳо
0