ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки дар Қазоқистон ба хотираи Шокир Болтеулу баргузор шудааст, соҳиби медали тилло шуд, иттилоъ додааст Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалӣ аз 21-24 ноябр бо иштироки беш аз 70 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Россия ва Узбекистон дар шаҳри Актау баргузор шуд.
Баҳодур дар вазни 63кг дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, ҷои аввалро ишғол намуд.
Варзишгари дигари Тоҷикистон Иззатулло Алиев (вазни -52кг) дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай мағлуб гашт.
Ёдовар мешавем, ки ин шашум медали Баҳодур Усмонов дар соли 2019 мебошад. Ӯ медали тиллои Чемпионати Осиё ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварда буд.