Бо кумаки сафорат: ҷасади муҳоҷирони Тоҷикистон ба ватан интиқол меёбад

© Sputnik / Рамиз БахтияровМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷасади шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон ва Узбакистон бо кумаки сафорати ин кишварҳо дар Русия ба ватан интиқол меёбад

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия масоили интиқоли ҷасади муҳоҷирони тоҷик, ки дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ ҷон бохтанд, зери назорати қатъӣ қарор додаст, хабар доданд ба  Sputnik Тоҷикистон  аз сафорати ин кишвар дар Русия.

Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марг дар роҳ ба Ватан: шахсияти тоҷикони ҳалокшуда дар садамаи Оренбург маълум шуд

Намояндагони сафорат изҳори намуданд, ки бо пайвандони ҳалокшудагон дар тамос ҳастанд ва барои таҳвил додани ҷасади онҳо ба ватан кумаки ҳамаҷонибаро мерасонанд. 

Ҳамзамон дар сомонаи Вазорати умури дохилии Узбакистон низ хабари ба ватан интиқол додани муҳоҷирони ҳалокшуда нашр гардида, тавзеҳ дода шуд, ки сафорати Узбакистон дар Русия дар ҳамдастӣ  бо Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати он кишвар аз пайи интиқол додани ҷасади шаҳрвандони ҳалокшуда қарор доранд.

Ҳалокати тоҷикону узбакҳо дар садамаи пурқурбонӣ дар Русия-видео

Ёдовар мешавем, ки субҳи 24 - уми ноябр дар вилояти Оренбург садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва як тоҷикистонии дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуд.

"Дар километри 15-уми роҳи Оренбург – Акбулак мусофирбари хурди Hyundai ва фура бархӯрдаанд. Сабаби садама феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад", - омадааст дар иттилоияи пулиси Оренбург.

Тибқи иттилои ахир, дар пайи садама 6 нафар, аз ҷумла кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд. Бар асоси иттилои пешакӣ мусофирони микроавтобус шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд, хабар дода буд пулис.

Мошини боркаш рақамҳои қайди давлатии Қазоқистон ва мусофирбари хурд рақамҳои минтақаи Ростови Русияро доштааст.

Лентаи хабарҳо
0