ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Занозании кӯчарӯбҳоро дурбини назоратӣ сабт кардааст ва бар асоси гузоришҳои ахир, ҳеч кас осеби ҷиддӣ надидааст, хабар дод РЕН ТВ.
“Ҷанҷоли гуруҳӣ шоми 24 ноябр дар кӯчаи Ефремови шаҳри Маскав рух додаст ва онро дастгоҳи назоратӣ сабт кардааст”, - омадааст дар гузориш.
Манбаъ афзуд, ки ба ҷои ҳодиса маъмурини пулис даъват шуда, чанд нафарро боздошт кардаанд. Аксари иштирокдорони занозанӣ фирор кардаанд, иттилоъ дод РЕН ТВ.
Сабаби рух додани ин муноқишаи гуруҳӣ феълан маълум нест. Расонаҳои Русия қаблан аз чунин як занозании гуруҳии муҳоҷирон дар шаҳри Санкт Петербург хабар дода буданд.