ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон” Ниматулло Соҳибов, ёвари директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, эълон намудааст, ки ширкат парвозҳояшро ба самти деҳлӣ барқарор хоҳад кард.
Бино ба иттилои вай, парвозҳо ҳафтае як маротиба байни Душанбе ва Деҳлӣ анҷом мешавад.
“Агар талабот зиёд бошад ва мусофирон афзояд дар оянда имкони дар як ҳафта ду маротиба парвоз дар назар аст”, — гуфт аст Ниматулло Соҳибов.
Ёдрас мешавем, ки Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бинобар мушкилоти молӣ аз 4-уми январи соли равон парвозҳои худро ба шаҳрҳои Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ба мӯҳлати номуайян қатъ карда буд.
Ҳамзамон ахиран ширкати Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" низ эълон карда буд, ки парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе – Деҳлӣ оғоз хоҳад кард.