Се медали паҳлавонҳои навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкБорьба, архивное фото
Борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки варзишгарони навраси кишвар дар Чемпионати Осиё дар риштаи куштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 15-сола 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, чемпионат 22-24 ноябр бо иштироки 152 варзишгари беш аз 10 давлати қора дар Тайпейи Чин баргузор шуд.

Символика Олимпиады в Токио 2020, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумита: варзишгарони тоҷик асосан дар 5 намуд имкони гирифтани роҳхати олимпӣ доранд

Аз ҷумҳурии Тоҷикистон дар чемпионат се варзишгар иштирок карда, ҳар се сазовори медал гардиданд.

Ислом Толибов дар вазни 57 кило дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Толибов дар ду даври аввал бар варзишгарони Ҳиндустон - Соҳит Соҳит ва Қазоқистон - Алтинбек Жадрасинов пирӯз шуд.

Ӯ дар даври нимниҳоӣ  намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Йу Сианг Ҳанг ва дар финал боз ҳам бар Алтинбек Жадрасинови қазоқистониро шикаст дода, медали тилло ба даст овард.

Насимҷон Турдибеков дар вазни 68 килои куштии юнонӣ-римӣ бо ду ғалаба ва ду бохт ва Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни 57 килои куштии озод бо ду ғалаба ва як бохт ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0