Мардуми Хуҷанд тирандозӣ меомӯзанд

© дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри ХуҷандИфтитоҳи маркази тирандозӣ дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи маркази тирандозӣ дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд як маркази тирандозӣ ба кор оғоз кард, ки бо харҷи як миллион сомонӣ сохта шудаст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Маъмур Юсуфов, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд мегӯяд, маҷмааи варзишии “Тир” ба ифтихори рӯзи Парчами миллӣ ва барномаи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд сохта шуд.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон вазъ дар марзи Тоҷикистонро шарҳ дод

 Вай афзуд, ин марказ бо ширакати президенти Федератияи тирпарронии Тоҷикистон Беҳзод Файзуллоев, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, сокинони маҳалла ва варзишгарон ифтитоҳ шуд. “Дӯстдорони варзиши тирандозӣ ва шаҳрвандон метавонанд дар ин маҷмаа маҳорати тирандозиро омӯзанд ё такмил диҳанд”, - афзуд Маъмур Юсуфов.

Ин маҷмаа ба маблағи 1 миллион сомонӣ аз сӯи мураббии тирандозӣ Марат Абдукаримов сохта, ба истифода дода шуд ва он аз 3 ошёна иборат буда, бо технологияи навтарини сохтмонӣ сохта шудааст.

“Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ба мураббии тирандозӣ Марат Абдукаримов миннатдории раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро баён намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтани чунин маҷмааи варзишӣ хеле рамзист, зеро варзишгарони мо дар тамоми гӯшаву канори дунё бо ғолибияти худ Парчами миллии моро парафшонӣ менамоянд”, - гуфт сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд.

Лентаи хабарҳо
0